Монеъаэҷодкунӣ ба шаҳрвандони тоҷик дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон

Ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба монеъаэҷодкуниҳо нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон шикоятҳо мерасанд. Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» воқеъан зиёд шудани чунин шикоятҳо тайи чанд рӯзи ахирро тасдиқ намуда, дар ин маврид изҳор намуд, ки зимни убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳамсарон, ки зан […]

ASIA-Plus


Ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба монеъаэҷодкуниҳо нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон шикоятҳо мерасанд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» воқеъан зиёд шудани чунин шикоятҳо тайи чанд рӯзи ахирро тасдиқ намуда, дар ин маврид изҳор намуд, ки зимни убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ҳамсарон, ки зан шаҳрванди Қирғизистону мард шаҳрванди Тоҷикистон аст, як духтари тоҷикистонӣ ва ҳамчунин 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳолат дучор шудаанд.

«Бо мусоидати консул  аз ин 11 нафари зикршуда, ба 10 нафар барои убури марз иҷозат  ва як нафарро иҷозат надоданд. Мутаассифона, дирӯз низ боз ба ду шаҳрванди Тоҷикистон убури марзи Қазоқистону Қирғизистонро манъ кардаанд», – гуфт сафир.

Ба қавли Раҳим Олимов, дар ин ҳолатҳо марзбонон сабаби чунин амалро мушаххасан шарҳ надода, мегӯянд, ки «ба онҳо дар ин хусус аз мақомоти марзбонӣ супориш расидааст». «Чанде қабл консули мо ба Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рафт, вале он ҷо ӯро қабул накарда, ба хадамоти минтақавии Бишкек фиристодаанд. Мақомоти раҳбарии он гуфтааст, ки онҳо ба ҳалли ин масъала салоҳиятдор нестанд», – иброз дошт Р.Олимов.

Сарфи назар аз вазъи мавҷуда ва барои ба вуҷуд наомадани шароити номусоид барои ҳамватанон, сафорат ният надорад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости муваққатан худдорӣ варзидан аз сафар ба Қирғизистон огоҳиномаи расмӣ инишор намояд.

«Ба ҷуз огоҳиномаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи муваққатан баста шудани марзи Қирғизистону Тоҷикистон, ба мо дар бораи манъи убури марзи Қазоқистону Қирғизистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дигар ҳеҷ санади хаттие нарасидааст. Ман фикр мекунам, ки барои ҳалли ин масъала вақт лозим аст. Мо дар ин хусус ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон муроҷиат ва аз онҳо дархост кардем, ки ба ин гуна мушкилот расидагӣ кунанд. Умедворам, ки рӯзҳои наздик ин масъала мусбат ҳаллу фасл мешавад», – афзуд сафир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.