Нигаронии вазири кишоварзӣ аз оқибатҳои басташавии марзи Қирғизистон

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор намуд, ки дар баробари дигар мақомот, Вазорати кишоварзии ҶТ низ аз басташавии марзи Қирғизистон нигаронӣ дорад. «Нуриҳои минераливу техникаи кишоварзӣ асосан тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шуда, ин ягона роҳи таъмини бахши кишоварзии ҷумҳурӣ бо захираҳои моддиву техникӣ аст ва умедворем, ки ояндаи наздик мушкилот […]

Заррина Эргашева


Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор намуд, ки дар баробари дигар мақомот, Вазорати кишоварзии ҶТ низ аз басташавии марзи Қирғизистон нигаронӣ дорад.

«Нуриҳои минераливу техникаи кишоварзӣ асосан тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шуда, ин ягона роҳи таъмини бахши кишоварзии ҷумҳурӣ бо захираҳои моддиву техникӣ аст ва умедворем, ки ояндаи наздик мушкилот дар марз ҳал мешаванд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, баста шудани марз бо Қирғизистон метавонад ба киштукори баъзе зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ пас аз муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба ҳамаи панҷ гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, айни замон танҳо як гузаргоҳи марзӣ дар ағбаи Кизил-Арт дар Мурғоб кушода аст, ки дар як рӯз ба убури як автомашина тариқи он иҷозат дода мешавад.

Дигар гузарргоҳҳои марзӣ – се гузаргоҳ дар вилояти Суғд ва гузаргоҳи «Қарамик» дар вилояти Ӯш бо ноҳияҳои Рашти Тоҷикистон баста боқӣ мемонанд. Каме дуртар аз гузарогоҳҳо ҷамъшавии миқдори зиёди автомашинаҳо бо бор барои Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Алҳол маълум нест, ки марз кай кушода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.