Тавсияи сафорати ҶТ дар Украина ба тоҷикони муқими ин кишвар

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина ба шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат ба макони баргузории гирдиҳамойиҳо нараванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, сафорат ҳамчунин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру навоҳии Украина ва Шӯрои донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар бобати ин масъала гуфтугӯ […]

Меҳрангез Турсунзода


Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина ба шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат ба макони баргузории гирдиҳамойиҳо нараванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, сафорат ҳамчунин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру навоҳии Украина ва Шӯрои донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар бобати ин масъала гуфтугӯ кардааст.

Дар Раёсати мазкур дар бораи шумори дақиқи шаҳрвандони тоҷик дар Украина маълумот дода натавонистанд ва танҳо зикр карданд, ки миёни осебдидагон аз гирдиҳамоиҳо шаҳрвандони тоҷик ҳузур надоранд. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Украина иттилоъ дода буд, ки танҳо дар шаҳри Киев 252 нафар шаҳрванди тоҷик зиндагӣ доранд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 21-уми ноябр бинобар сабаби аз ҷониби ҳукумати Украина рад шудани имзои қарордоди ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо, дар майдони марказӣ ва дигар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Украина ва дигар шаҳрҳои кишвар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оғоз гардиданд, ки феълан низ бо ҷараёни шадидтар идома доранд.

Бар асари задухӯрдҳо бо нерӯҳои мақомоти интизомӣ  248 нафар ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намуданд. Беш аз садҳо нафар тазоҳургарону кормандони милиса, зиёда аз 30 нафар журналистон осеб дида, дар бораи талафоти ҷонӣ низ маълумот расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.