Шувалов: Русия аз ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон умедҳои зиёд дорад

– Ҳукумати Русия аз ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии нахуствазири нав умедвориҳои зиёд дорад», – иброз дошт муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе. Шувалов қайд кард, ки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳоли рушд […]

Пайрав Чоршанбиев


– Ҳукумати Русия аз ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии нахуствазири нав умедвориҳои зиёд дорад», – иброз дошт муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе.

Шувалов қайд кард, ки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳамаи ин шаклҳо ҳарду кишвар шарикони комилҳуқуқ ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодаанд.

«Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 як қатор мувофиқаҳо ҳосил шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар президент ба ҳукумати Русия ҷиҳати амалӣ сохтани ин тавофуқот дастуру супориш дод, ки як қисмате аз онро мо то имрӯз ба иҷро расонидем ва ояндаи наздик табодули асноди тасдиқи чанде аз созишномаҳо дар назар аст», – гуфт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки вазифаи асосии ҷаласаи мазкур муайян кардани самтҳои нави ҳамкориҳои барои тарафайн судманд аст. «Қабл аз сафар ба Душанбе ман ба президенти Русия гузориш додам ва ӯ дар ин бора назди мо вазифа гузошт, ки онро ба иҷро мерасонем», – иброз дошт Шувалов.

Дар навбати худ роҳбари ҳайати Тоҷикистон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки «Русия барои мо дар тамоми муносибатҳо ҳамеша шарики стратегӣ буд ва боқӣ мемонад».

«Муносибатҳои мо чун анъана ба робитаҳои зич дар самтҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, гуманитарӣ ва ғайра асос ёфта, тамоили рушд касб кардаанд», – таъкид дошт ӯ.

Расулзода аз ахиран кам шудани масъалаҳои ҳалношуда дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва соҳаи низомӣ тайи солҳои ахир гувоҳи кӯшишҳои ҳарду ҷонибанд.

Аз рӯи натоиҷи ҷаласа нимаи дуюми имрӯз ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо бо намояндагони ВАО дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки субҳи имрӯз то оғози кори ҷаласаи комиссия Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов мулоқоти хосса оростанд.

Интизорӣ меравад, ки ҳамчунин имрӯз муовини аввали нахуствазири Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ин мутахассис қаблан дар тимҳои Мақдуния, Крувосӣ, Қазоқистон ва Қибрис фаъолият доштааст.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.