Анонс
– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Вазорати адлияи ҶТ (оғоз соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва Вазорати энергеттка ва захираҳои оби ҶТ (соати 15:00);
– Дар толори Коллеҷи мусиқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мусиқачиёни гурӯҳи «Авесто» Ҷасур, Ҷаъфар ва Умед Халиловҳо консерти мусиқии ҷаз доир мегардад. Воридшавӣ ройгон аст. Оғоз соати 15:00:
– Вохӯрии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод – 2014 бо дастаи Молдова дар Санкт-Петербург. Оғоз соати 20:00 ба вақти Душанбе.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7777
сомонӣ;
1
евро
– 6.4821
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.14
15
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1917 —
Дар ИМА бори нахуст дар ҷаҳон пластинкаи ҷазӣ сабт шуд.
1930
— Дар Маскав садои зангӯла манъ карда шуд.
1961
— Корхонаи истеҳсоли равғани Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт.
1995
— Дар фестивали мазҳабии ҳиндугӣ дар Оллоҳобод (Ҳиндустон) оид ба дар як вақт гирдиҳам омадани мардум дар як макон рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд – 20 млн. нафар.
2010
— Шерхон Салимзода Прокурори генералии Тоҷикистон таъин карда шуд.
2012
— Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул шуд.
1902
— Зодрӯзи геологи кӯҳансоли Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон Недавеский Антон Петрович.
1913
— Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Софя Тӯйбоева.
1924
— Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +14+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -2-7.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.



