Кумаки «Помир Энержи» ба «Барқи тоҷик» дар коҳиши камбуди барқ

Дар назар аст, ки бо сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ, нерӯи барқи зиёдатии низоми энергетикии ВМКБ дар фасли зимистон ба Низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Бино ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов, солҳои минбаъда дар қаламрави МВКБ боз ду нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 135 МВт ва ҳамчунин як […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар назар аст, ки бо сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ, нерӯи барқи зиёдатии низоми энергетикии ВМКБ дар фасли зимистон ба Низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бино ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов, солҳои минбаъда дар қаламрави МВКБ боз ду нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 135 МВт ва ҳамчунин як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқии дигар сохта мешаванд.

«Айни замон миёни Бунёди Оғо Хон ва ҳукумати Тоҷикистон оид ба роҳандозии корҳои омодагӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқии «Себзор» (10 МВт) ва «Санобод» (125 МВТ) гуфтушунид ҷараён дошта, пас аз ба истифода додани онҳо, истеъмолгарони Бадахшон пурра бо нерӯи барқ таъмин мегарданд ва имкон пайдо мешавад, ки як қисмати нерӯи барқ ба Бадахшони Афғонистон ва қисмати дигараш ба низоми энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шавад», – иброз дошт Усмонов.

Вазир таъкид дошт, ки дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои зикршуда ҳамчунин сохтмони хатти баландшиддати барқи 110 кВ низ дар назар аст, ки тавассути он дар фасли зимистон нерӯи барқи зиёдатии ширкатҳои зертобеъи «Помир Энержи» ба низомии энергетикии ширкати «Барқи тоҷик» интиқол дода мешаванд.

«Пас аз амалисозии лоиҳаи CASA-1000 низоми энергеткии «Помир Энержи» ба ин хат пайваст шуда, тариқи он нерӯи барқи зиёдатӣ ба кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ интиқол мегарданд», – зикр кард ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.