Занони “исёнгар” боз ба дафтари ҲСДТ омаданд

Субҳи имрӯз занони “исёнгар”, ки рӯзи 9-уми декабри соли сипаришуда ба баргузории брифинги Раҳматилло Зойиров монеа эҷод карда буданд, бори дигар ба дафтари кории Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омаданд, аммо вориди он шуда натавонистанд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аъзои ҳизб ва шоҳидони воқеа иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, субҳи 1-уми феврал 7-8 зан бо доду фиғон […]

Азия-Плюс


Субҳи имрӯз занони “исёнгар”, ки рӯзи 9-уми декабри соли сипаришуда ба баргузории брифинги Раҳматилло Зойиров монеа эҷод карда буданд, бори дигар ба дафтари кории Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омаданд, аммо вориди он шуда натавонистанд.

Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” аъзои ҳизб ва шоҳидони воқеа иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, субҳи 1-уми феврал 7-8 зан бо доду фиғон дари дафтари кории ҳизбро мекӯфтанд, аммо чун дар баста буд, вориди дафтари корӣ шуда натавонистанд.

Дар робита ба ин ҳодиса раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи Facebook имрӯз баёния нашр кард. Зойиров қайд мекунад, ки дар давоми ду моҳ дафъаи дуюм аст, ки як гурӯҳи муташаккили занон назди қароргоҳи ҲСДТ тазоҳурот ташкил мекунанд.

“Бояд қайд намоям, ки ин дафъа на нишасти матбуотӣ, балки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ таъин шуда буд, ки дар он «Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016», масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҳизб барои соли 2014 ва чанд масъалаи дигар баррасӣ мешуд. Аммо 31-уми январи соли 2014 бо сабаби беморӣ ҷаласа мавқуф гузошта шуд”, – қайд мекунад Зойиров.

Ба иттилои ӯ, занҳои имрӯз омада ҳамон занҳое буданд, ки 9-уми декабри соли сипаришуда ба дафтари кории ҳизб ҳамла карда буданд ва монеи баргузории брифинг шуданд.

“Соати 9:53 дақиқа ман ба сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Душанбе Б.Шарифхонов, ки мутасаддии баррасии Аризаи ман оид ба тазоҳурот мебошад, телефон карда, ба иттилои ӯ расондам, ки ҳамин гуна гурӯҳи занон дар назди кароргоҳи ҳизб боз тазоҳурот доранд. Дар ҳамин вақт раиси маҳалла ба нозирони минтақавӣ телефон карда, онҳоро оиди тазоҳуроти занон огоҳонидааст. То омадани намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва узви ҲСДТ тазоҳуротгарон даъво доштаанд, ки Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар кароргоҳ паси дарҳои пӯшида ҷаласа баргузор дораду аз тарсу ҳарос дари қароргоҳро ба мо намекушоянд. Вақте ба онҳо мегӯянд, ки дар қароргоҳ ягон ҷаласа нест, онҳо бовар накарда, талаб мекунанд, ки ба қароргоҳ ворид шаванд. Дар ин ҳолат намояндаи ҳизб дарро мекушояд, то як нафар даромада, бовар ҳосил кунад“, – омадааст дар баёнияи Раҳматилло Зойиров.

Ба иттилои ӯ, пас аз ин чанд нафари занони “исёнгар” дафтари кории ҳизбро тарк мекунанду 4-5 нафари боқимондаро, ки интизори омадани раиси ҳизб буданд, намояндагони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ пас аз гирифтани баёнот озод мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.