Мусоидати ХМ ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрванди тоҷик дар Русия

Бо қарори суди ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Саъдонов қатъ карда шуд. Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанд рӯз қабл падари Суҳроб дар бораи боздошти ғайриқонунии писараш аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори суди ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Саъдонов қатъ карда шуд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанд рӯз қабл падари Суҳроб дар бораи боздошти ғайриқонунии писараш аз ҷониби кормандони пулис ба намояндагӣ муроҷиат кардааст.

«Ба гуфтаи падари Суҳроб, ҳангоми боздошт писараш ҳуҷчатҳои заруриро бо худ надоштааст ва бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз кардаанд», – гуфт Аҳмадов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки бо мусоидати намояндагӣ тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шуда, суд баррасии парвандаро қатъ ва шаҳрванди Тоҷикистон аз истирдод ба ватан раҳоӣ ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова