Барои риоя нагардидани Қонуни забон 64 нафар ҷарима шуданд



Барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд.

Дар ин бора Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳототи назди Ҳукуматии ҶТ зимни нишасти хабарие, ки имрӯз баргузор гардид, иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки дар умум мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи кишвар 69 адад парванда барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ“Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” бо моддаи 89 кодекси зикргардида мавриди барасӣ қарор гирифт, ки нисбати 5 нафар огоҳӣ дода шуда, ба 64 нафар ҷарима баста шуд. Маблағи ҷаримаҳо дар умум то имрӯз 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кард. Гавҳар Шарофова афзуд, ки гурӯҳи корӣ дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо ва номгузории муасисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартиб дод, ки мутобиқи он, барои бартараф намудани хатоҳо муҳлат муқарар гардидааст.

«Айни замон дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ намогузории кошонаи ҳусни “Малина” ба “Малика” ва қавҳахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба “Бургер ва питзо” изав карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи “JAMOL” ба “Ҷамол” баргардонида шуд. Ғизономаи тарабхонаи “Ҷамол”  ва қавҳахонаи “Питсерия” ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод гардид», – иттилоъ дод Шарофова.

spot_imgspot_img

Популярное