Корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ ҳалок нашудааст. Дар ин бора рӯзи 6-уми феврал дар ВАО маълумот дода шуда буд.
«Ман шахсан бо маҳбус Маҳмадраҳим Саидов, ки гӯё дар ҷаримагоҳ қарор доштаву аз сардӣ ба ҳалокат расида бошад, суҳбат кардам ва ба ӯ ҳатто дар бораи ин хабар чизе нагуфтам. Шароити будубоши маҳбусон хуб аст. Он ҷо ҳатто аз кабинетҳои кории мо гармтар буда, дар робита ба таъмини ғизову сарулибос ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», – иброз дошт номбурда.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ,
далели марги маҳбусон
дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон тасдиқи худро наёфт.
Дар робита ба дар ҷаримагоҳ қарор доштани Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидони лату кӯб ва марги Ҳамза Икромзода, ки
волидайни марҳум
изҳор намуда буданд, Нидоев зикр кард, ки шахсан аз ҷаримагоҳ боздид накардааст, вале аз қавли сардори Раёсат оид ба корҳои фаврии СИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ Нуриддин Раҳмонов иттилоъ дод, ки ҷаримагоҳ гарм буда, Қурбонов аз 19-уми январ барои вайрон кардани тартиботи дохилии муассиса дар он қарор дорад ва ҳеҷ мушкилие надорад.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ҳамроҳ бо корманди дастгоҳи Омбудсмен намояндаи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ аз муассисаи ислоҳӣ боздид мекунад, вале ба намояндаи Эътилоф Худойдод Ёров барои ворид шудан ба муассиса иҷозат надодаанд.



