Идомаи тафтиши муштараки ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳона дар марз

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 4-уми феврал дар қитъаҳои баҳсноки марз ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони кишварҳо машғуланд, то 10-уми феврал тафтиши ин қазияро ба анҷом расониданианд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳайати Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, қабл аз оғози тафтиши […]

Аваз Юлдошев



Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 4-уми феврал дар қитъаҳои баҳсноки марз ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони кишварҳо машғуланд, то 10-уми феврал тафтиши ин қазияро ба анҷом расониданианд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳайати Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, қабл аз оғози тафтиши муштарак ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки натиҷаҳои он ифшо нахоҳанд шуд, аз ҷумла барои матбуот низ. «Аз ин рӯ, мо имрӯз гуфта наметавонем, ки ин ҳодиса бо истифода аз силоҳи оташфишон дар қаламрави кадом кишвар сурат гирифтааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, феълан гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби марзбонони кадом кишвар нахуст оташкушоӣ аз силоҳро таҳқиқ доранд. «Барои ин мо бо сокинони маҳаллӣ, марзбонони ҳарду кишвар ва шоҳидони тасодуфӣ суҳбат мекунем», – афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов дар ин робита зикр кард, ки тибқи санҷиши дар ҷойи ҳодиса доиргардида метавон бидуни шубҳа ба хулоса расид, ки тирпарронӣ дар қаламрави аз ҷониби Қирғизистон эътирофшудаи Тоҷикистон рух дод. «Ин далел бебаҳс аст», – таъкид дошт прокурор.

Дар идома Қурбонов изҳор кард, ки айни замон ин ҳодисаро Сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон тафтиш мекунад ва ӯ аз хулосаҳои онҳо огаҳӣ надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.