З.Ализода: Дархости Саидов дар бораи вохӯрии такрорӣ расмӣ набуд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба дархости вохӯрии такрории Зайд Саидов бо ӯ барои он расидагӣ накардааст, ки он расман пешниҳод нашуда будааст. «Дар бораи хоҳиши такроран бо ман мулоқот кардани ӯ дар ВАО хабарҳо нашр шуданд, вале ба мо на аз ӯву на аз адвокатҳояш дар ин бора мактуби расмӣ […]

ASIA-Plus



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба дархости

вохӯрии такрории

Зайд Саидов бо ӯ барои он расидагӣ накардааст, ки он расман пешниҳод нашуда будааст.

«Дар бораи хоҳиши такроран бо ман мулоқот кардани ӯ дар ВАО хабарҳо нашр шуданд, вале ба мо на аз ӯву на аз адвокатҳояш дар ин бора мактуби расмӣ нарасидааст», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода.

Аммо адвокатҳои Зайд Саидов ба ВАО хабар дода буданд, ки соҳибкор тавассути маъмурияти тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба унвони Омбудсмени Тоҷикистон оид ба вохӯрии такрорӣ дархост фиристодааст.

Зикр гардида, буд, ки дар тамоми муддати боздошту ҷараёни тафтиши парванда Зариф Ализода танҳо як маротиба, баъди 5 рӯзи боздошт бо соҳибкор мулоқот кардааст. Он замон Саидов мусоидат намудан ба вохӯрӣ бо адвокаташ бо ӯ «як ба як» бидуни маҳдудиятро дархост карданӣ будааст.

Ализода иштироки намояндаи дастгоҳи Омбудсмен дар тамоми мурофиаҳои судии Зайд Саидовро хотиррасон намуда, зикр кард, ки мурофиа қонунӣ сурат гирифта, ҳамаи се адвокати соҳибкор ба озодона савол додану пешниҳоди далелҳо ба ҳимояи Саидов ҳуқуқ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки сенаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати

26 соли зиндони

низомаш шадид бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.