Ду ҳазор шаҳрванд аз Хадамоти муҳоҷират машварати ҳуқуқӣ гирифтанд

Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар соли 2013 аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики ду ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки бештар шаҳрвандон мехоҳанд маълумот ба даст оваранд, ки оё онҳо дар рӯйихати ихроҷшудагони Хадамоти муҳоҷиратии Федератсияи Русия ҳастанд ё на.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Муқим Ниёзов, дар давраи ҳисобот аз ҷониби 429 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархостҳои хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода шуд.

«Кормандони мо ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба даст овардани иттилоот дар бораи сабабу мӯҳлатҳои маҳдудияти сафарашон ба Федератсияи Русияро доштанд, ёрии зарурӣ расонида, аз номи онҳо ба унвони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти сарҳадоти Русия дархост ирсол шуд. Аз Федератсияи Русия 311 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд. Тайи моҳи январи соли 2014, 187 дархости хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода ва 89 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд.ки мутобиқи он, то моҳи январи соли ҷорӣ ба 71 ҳазору  525 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Русия нест», – иттилоъ доданд дар вазорат.



spot_imgspot_img

Популярное