Кумаки БОР ба Тоҷикистон дар беҳбуди сифати маълумоти касбӣ-техникӣ

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба таҳияи лоиҳае оғоз намуд, ки ба беҳбуди самаранокӣ ва сифати маълумоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба афзоиши сафи кормандони соҳибтахассус, ки ба дастрас кардани музди нисбатан баландтар имкон пайдо мекунанд, мусоидат менамояд. Тавре аз намояндагии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, барои таҳияи дизайни […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки осиёгии рушд (БОР) ба таҳияи лоиҳае оғоз намуд, ки ба беҳбуди самаранокӣ ва сифати маълумоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба афзоиши сафи кормандони соҳибтахассус, ки ба дастрас кардани музди нисбатан баландтар имкон пайдо мекунанд, мусоидат менамояд.

Тавре аз намояндагии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, барои таҳияи дизайни ҷузъии лоиҳа оид ба тақвияти иштироки бахши хусусӣ дар маълумоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш аз Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон ҳукумати ин кишвар 700 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст. Имрӯз, 12-уми феврал намояндагони сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагии БОР дар ҶТ дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расониданд.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳа ба таҷдид ва беҳбуди методология, зербино ва сифати омӯзиш дар низоми маълумоти касбӣ-техникӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Ҳамчунин дар доираи амалисозии лоиҳа Фонди таълими касбӣ ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба омӯзиш барои қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон таъсис дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, БОР ният дорад, ки барои амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кунад ва ин масъала ахири соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонк баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.