Хуҷанд: Ҳукми зиндон ба 4 нафар барои куштори 10 сол қабл

Дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъори «Соҳибкорбонк» дар шаҳри Хуҷанд, ки ҳанӯз 10 сол қабл содир шуда буд, ба итмом расид. Санаи 27-уми майи соли 2003 афроди номаълум бо мақсади тасарруфи пули нақд дар назди даромадгоҳи хонаи №67-уми […]

Мавлуда Рафиева



Дар суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъори «Соҳибкорбонк» дар шаҳри Хуҷанд, ки ҳанӯз 10 сол қабл содир шуда буд, ба итмом расид.

Санаи 27-уми майи соли 2003 афроди номаълум бо мақсади тасарруфи пули нақд дар назди даромадгоҳи хонаи №67-уми маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд ба сӯйи корманди нуқтаи мубодилаи асъор Бахтиёр Узоқов аз таппончаи Макаров тир холӣ карда, 7,6 ҳазор доллари ӯро азхуд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Баъди гузашти 10 сол ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят ҳамсояи 33-солаи марҳум Равшан Сатторов, ки яке аз созмондиҳандагони ҷиноят ба шумор меравад, хеши 32-солаи ӯ Юсуф Аъзамов ва ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд Афзалхони Абдураҳмон бо лақаби Азиз, ки қаблан барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда буд ва боз як сокини 33-солаи шаҳри Хуҷанд Ҳабиб Юсуфов боздошт шуданд.

Суд онҳоро мутобиқи моддаҳои 36, қ. 4 ва 5, 249, қ. 4, б. «б» ва «в», 195, қ. 2, 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста,

Афзалхони Абдураҳмон

ро ба 25 сол, 

Ҳабиб Юсуфов

,

Равшан Сатторов

 ва

Юсуф Аъзамов

ро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.