Мақоми 115-уми Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии озодии матбуот

Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Хабарнигорони бидуни марз» (Reporters Without Borders) рейтинги навбатии озодиии матбуот дар саросари ҷаҳон – Индекси озодии матбуот-2014 ро интишор намуд, ки дар он вазъи озодии матбуот дар 180 кишвари дунё мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон зинаи 115-умро касб карда, аз Украинаву Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Чин […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Хабарнигорони бидуни марз» (Reporters Without Borders) рейтинги навбатии озодиии матбуот дар саросари ҷаҳон – Индекси озодии матбуот-2014 ро интишор намуд, ки дар он вазъи озодии матбуот дар 180 кишвари дунё мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар рейтинги имсола Тоҷикистон зинаи 115-умро касб карда, аз Украинаву Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Чин нисбатан дар мақоми болотар қарор дорад. Соли 2013 Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 123-юмро ишғол карда буд.

Дар гузориш қайд мешавад, ки вазъи озодии матбуот дар Украинаву Тоҷикистон дар ҳоли номуайянӣ қарор доранд. «Инъикоси маъракаи интихоботии соли гузашта дар Тоҷикистон аслан ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки беш аз 20 сол сари мансаби президентӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сомонаҳои иттилоотии мустақил як кори маъмулӣ дар кишвар гардида, қонуни нав дар бораи ВАО, ки аз моҳи марти соли 2013 ҳукми қонунӣ гирифт, танҳо дар рӯйи коғаз вазъи қонеъкунанда дорад, вале дар амал то ҳанӯз аз ҳеҷ аҳаммияте бархӯрдор нест», – гуфта мешавад дар гузориш.

Индекси озодии матбуот ҳамасола таҳия гардида, дар он ба сатҳи озодии матбуот, журналистон ва ташкилотҳои ВАО бо шумули нашрияҳои чопиву электронӣ ва ғайра баҳо дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.