Даргузашти яке аз иштирокчиёни иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

Яке аз фаъолони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дуюм Исматшо Зинатшоев субҳи имрӯз дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲКТ, вакили парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, марҳум Зинатшоев солҳои тӯлонӣ дар мақомоти раҳбарии ҳизб кор карда, яке аз иштирокчиёни иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ (моҳҳои […]

Аваз Юлдошев



Яке аз фаъолони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дуюм Исматшо Зинатшоев субҳи имрӯз дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲКТ, вакили парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, марҳум Зинатшоев солҳои тӯлонӣ дар мақомоти раҳбарии ҳизб кор карда, яке аз иштирокчиёни иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ (моҳҳои ноябр-декабри соли 1992) дар Хуҷанд мебошад, ки дар он сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ барқарор карда шуд.

«Зинатшоев ҳамчун вакили мақоми олии қонунгузории Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶТ, ки дар он Эъломия дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ қабул шуд, иштирок дошта, ҳамчунин 9-уми сентябри соли 1991 зимни қабули изҳороти ШО ҶТ «Дар бораи истиқлолияти давлатии ҶТ» низ ҳузур дошт», – зикр кард Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, И.Зинатшоев дар зодгоҳаш дар ноҳияи Қумсангир ба хок супурда мешавад. Дар маросими видоъ бо ӯ мақомоти раҳбарӣ, фаъолон ва собиқадорони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.