Мурофиаи судии «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ба нуқтаи авҷ мерасад

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар суди ноҳияи Фирдасии пойтахт таҳти раёсати Сурайё Ҷобирова музокироти ҷонибҳо оид ба баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва се шахси воқеӣ нисбати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир гардид. Қабл аз музокирот намояндаи ҳафтавор Иноят Иноятов ба суд маълумот дод, ки ҷониби ҳимоя ба музокирот омода нест, зеро […]



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар суди ноҳияи Фирдасии пойтахт таҳти раёсати Сурайё Ҷобирова музокироти ҷонибҳо оид ба баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва се шахси воқеӣ нисбати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир гардид.

Қабл аз музокирот намояндаи ҳафтавор Иноят Иноятов ба суд маълумот дод, ки ҷониби ҳимоя ба музокирот омода нест, зеро масоили зиёди ошкорнашуда боқӣ монда, бо назардошти ҳолатҳои

дар мурофиаи пешин ошкоршуда

, дархост намуд, ки такроран ташхиси забоншиносӣ гузаронида шавад.

Намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳори итимнон кард, ки барои муайян кардани моҳияти як калима дониши олӣ доштан зарур нест ва ҳамчунин зикр кард, ки матни мақола «аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, сипас ташхис гузаронида шудааст».

Бо вуҷуди ин, баъди бозгашт аз хонаи машваратӣ суд дархости такроран баргузор намудани ташхиси забоншиносиро рад кард.

Дар ҷараёни идомаи мурофиа ҷониби ҳимоя бо мақсади муайян кардани ба фаъолияти зеҳнӣ машғул будани даъвогарони хусусӣ, аз ҷумла пешниҳоди дастурҳои мансабӣ, маълумотнома дар бораи дар кадом мансабу дар куҷо кор кардани онҳо, омода набудани ҳимоя ба музокирот ва ҳамчунин дар мурофиа ҳузур надоштани намояндаи дуюми ҷавобгарон Шуҳрат Қудратов низ дархостҳо пешниҳод кард, вале суд онҳоро бидуни барррасӣ гузошта, ба музокирот пардохт. «Чуин эҳсос мешавад, ки Шумо бо Устобоев ба анҷоми мурофиа шитоб доред», – гуфт Иноятов.

Ба гуфтаи Устобоев, «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».

Дар ҳамин ҳол, Иноятов зикр кард, ки даъвогарон «ҳуҷҷатҳоеро, ки зиёни маънавӣ ва моддӣ расонидан ба онҳоро тасдиқ намояд», пешниҳод карда натавонистанд.

Зимнан Устобоев талаб кард, ки ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он О.Тутубалина ба рад кардани «маълумоти пастзанандаи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ва маъзарат хостан барои нашри мавод» уҳдадор карда шуда, аз ҳафтавор ва О.Тутубалина дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ рӯёнида шавад.

Бо қарори суд, ҷониби ҳимоя рӯзи 17-уми феврал андешаҳои худро баён мекунад. Мушоҳидон тахмин мезананд, ки то ин сана тамоми паҳлӯҳои масъала бояд ҳал шавад. Ба андешаи онҳо, шитобкорӣ дар ин масъала метавонад ба наздикшавии санаи вохӯрии зиёиён бо президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста бошад, ки маъмулан нимаи моҳи март баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.