Дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Созишномаи транзит ва савдои АРТТА

Зимни кори як мизи гирд дар Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи транзит ва савдои АРТТА баррасӣ шуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ларис Кислякова дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2010 Афғонистону Покистон Ёдоошти тафоҳум оид ба Созишнома дар бора транзит ва савдои АРТТА-ро ба […]



Зимни кори як мизи гирд дар Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи транзит ва савдои АРТТА баррасӣ шуд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ларис Кислякова дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2010 Афғонистону Покистон Ёдоошти тафоҳум оид ба Созишнома дар бора транзит ва савдои АРТТА-ро ба имзо расониданд.

«Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин созишнома ба таъмини хуруҷи мустақими транзит барои бахши хусусии ҷумҳурӣ ба Хиндустон, бандарҳои Гвадар ва Қарочӣ дар Покистон бо хароҷоти камтарин ва коҳиши вақти ҳамлу нақли маҳсулот тариқи қаламрави кишварҳо, коҳи арзиши боркашонии транзитӣ, соддашавӣ ва ягонагии тартиботи ҳамлу нақл (аз ҷумла гумрукӣ)-и транзитӣ мутобиқи созишномаҳои байнулмилалии қабулшуда ва меъёрҳои он мусоидат мекунад», – иброз дошт Кислякова.

Муовини раиси ПСС Тоҷикистон зикр кард, ки ин иқдом ҳамчунин ба беҳбуди бахшҳои калидии иқтисод, афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар долонҳо (коридорҳо)-и транзитӣ, болоравии рақобатпазирии содироти ҷумҳурӣ низ мусоидат намуда, ҷиҳати гузаштан ба сатҳи сифатан нави муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла инкишофи зербинои нақлиётии фаромарзии кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони мусоид фароҳам меоварад.

«Созишномаи мазкур минбаъд метавонад дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ мавриди амал қарор гирифта, ба рушди савдои фаромарзӣ, коҳиши монеъаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои гуногуншакли тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшад», – афзуд Кислякова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.