Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳидддин Кабирӣ мегӯяд, ҳодисае, ки имрӯзҳо дар Украина рӯх медиҳад, дер ё зуд бояд рӯх медод. Ӯ мутмаин аст, ки ҳодисаи ҳамсон дар Осиёи Марказӣ рӯх медиҳад.
“Чунин “инқилобҳо” дар кишварҳои рӯ ба афзоиш, ба монанди Гурҷистион, Қирғизистон ва Украина сар мезананд, чун ҳамаи онҳо мушкилоти ягона доранд – фақр ва диктатура”, – гуфт Кабирӣ.
Муҳиддин Кабирӣ бар он назар аст, ки Виктор Янукович аз иштибоҳи раисиҷумҳурони қаблӣ дарси ибрат нагирифт. “Виктор Ющенко- раисҷумҳури пешинаи Украина мардона рафт, аммо Янукович тамоми қудратро барои худ истифода бурд. Мардуми огоҳ ва бедори Украина дигар барои худ дар чунин шароит зиндагӣ карданро таҳқир медонистанд. Ин ҳолат барои кишварҳои дигар бояд ибрат шавад. Раҳоӣ аз ин ҳодиса танҳо забон ёфтан бо мардум, интихобти озод ва ислоҳоти ҷомеъа мебошад”, – мегӯяд ӯ.
https://www.youtube.com/watch?v=Rg8oEnCANqQ







