Гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистон имрӯз боз мегарданд

Субҳи имрӯз тамоми гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз карда мешаванд. Аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин оид ба минбаъд истифода […]



Субҳи имрӯз тамоми гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз карда мешаванд. Аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе ҷонибҳо дар ин бора тавофуқ ҳосил карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин оид ба минбаъд истифода нашудани аслиҳаи оташфишон аз ҷониби нерӯҳои марзбонӣ ва сохторҳои қудратии кишварҳо зимни вазъи ғайримунтазира дар марз низ созиш ба даст омад.

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ дар Душанбе оид ба идомаи кори комиссияҳои дахлдори ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон протоколи ҷонибҳо ба имзо расид, ки зери он муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов имзо гузоштанд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшида суратгирифта ҷонибҳо дар бораи сохтмони ду пул дар қитъаҳои баҳсноки марз дар самти Исфара низ тавофуқ ҳосил намуданд. Як пулро Тоҷикистон ва пули дигарро Қирғизистон месозанд. Дар бораи ҷузъиёти дигар маълумот дода намешавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузор намудани даври навбатии шуфтушунидҳо ахири моҳи март дар Тоҷикистон низ ба созиш расиданд. Гуфтушунидҳои навбатӣ дар Душанбе ё Исфара баргузор хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баста буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.