Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар остонаи ҷашни Рӯзи модарон радиои «ASIA-Plus» таҳти унвони «Восьмая Марта» як лоиҳаи махсус роҳандозӣ мекунад. Муддати тамоми рӯз ровиён занони хушиқболу хуштолеъ ва бахусус чаққону зебо бо номи Мартаро муайян мекунанд. Вале чун ин ном аҳёнан вомехӯрад, бонувон шартан чунин номида мешаванд. Аз ин рӯ, занонро ҳатман зарур нест, ки Марта ном […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар остонаи ҷашни Рӯзи модарон радиои «ASIA-Plus» таҳти унвони «Восьмая Марта» як лоиҳаи махсус роҳандозӣ мекунад. Муддати тамоми рӯз ровиён занони хушиқболу хуштолеъ ва бахусус чаққону зебо бо номи Мартаро муайян мекунанд. Вале чун ин ном аҳёнан вомехӯрад, бонувон шартан чунин номида мешаванд. Аз ин рӯ, занонро ҳатман зарур нест, ки Марта ном дошта бошанд. Муҳимаш дар вақти зарурӣ ва дар ҷойи зарурӣ якум будан аст. Кумак аз мову фаврият аз Шумо. Вақти оғози аксия – соати 08:00-и субҳ. Имкони соҳиби туҳфа шудан, табъи болида гирифтан ва ширкат дар ҷашни зеборо аз даст надиҳед!



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8088

сомонӣ;


1

евро

– 6.5319

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1332

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1876 —

Александр Белл барои ихтирои телефон патент гирифт.


1904

– Зодрӯзи наворбардор ва коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Василий Кузин.


1922

– Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Зулфия Баҳриддинова.


1938

– Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов.


1952

– Мавлуди арбоби давлатӣ Назарбегим Муборакшоева, аз соли 2000 то соли 2004 – муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.



Вазъи обуҳаво


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.

 Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, каме барф меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.