Покистон қарори ниҳоии Русияро оид ба сохтмони НОБ-и «Роғун» интизор аст

           Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни шарҳи масъалаи чанде қабл дар Исломобод ба имзо расидани   созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ( CASAREM ) сафири Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Кайсар изҳор дошт, ки Покистон ба воридоти нерӯи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. […]

Аваз Юлдошев


          


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни шарҳи масъалаи чанде қабл дар Исломобод ба имзо расидани

 



созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 (


CASAREM


) сафири Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Кайсар изҳор дошт, ки Покистон ба воридоти нерӯи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.




«Ҳарчанд Покистон дар рушди иқтисод ба комёбиҳои назаррас ноил гашта бошад ҳам, он то ҳол кишвари рӯ ба тараққӣ маҳсуб мегардад ва маҳз норасоии нерӯи барқ ба рушди боз ҳам бештари иқтисоди кишвари мо монеа эҷод месозад», – гуфт ӯ.



Зимни посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия -Плюс» дар мавриди иштироки Покистон дар консорсиуми идомаи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун», сафир зикр кард, ки шояд ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо намояд.



«


Покистон қарори ниҳоии Русияро оид ба сохтмони НОБ-и «Роғун» интизор аст: агар Маскав аз талошҳои яккатозии худ даст кашаду ба консорсиуми байнулмилалии пешниҳоднамудаи ҳукумати Тоҷикистон шомил гардад, ман иштироки Покистонро дар сохтмони иншооти мазкур имконпазир мешуморам», – таъкид сохт дипломати покистонӣ.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад. Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон




750 километр

аст.


  




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио