Қатар ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварии Тоҷикистон 2 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карданист

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишвоарзии Тоҷикистон Музаффар Мирзоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки вазорат барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз Русия ба маблағи беш аз 86 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли асал дастрас кард. Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии ҳукумат соли равон 601 оилаи занбӯри […]


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишвоарзии Тоҷикистон Музаффар Мирзоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки вазорат барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз Русия ба маблағи беш аз 86 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли асал дастрас кард.




Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии ҳукумат соли равон 601 оилаи занбӯри асал харидорӣ гардида, дар натиҷаи нигоҳубини хуби Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» он ба 1 ҳазору 327 адад расид. Дар маҷмӯъ, дар ҳафт иттиҳодияҳои занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то 119 ҳазор оилаи занбӯриасал мавҷуд буда, истеҳсоли асал дар нимсолаи аввал беш аз 280 тоннаро ташкил дод.



Дар ҳамин ҳол, мавсуф зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар ҳукумат оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли асали «Тоҷикистон-Қатар-асали» қарор қабул кард ва айни замон санадҳо ва заминаи ҳуқуқии ташкили он таҳия мегарданд.



«Тибқи қарордод, дар марҳилаи аввал давлати Қатар ният дорад, ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 2 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд, – идома дод ӯ. – Мо дархост намудем, ки таҷҳизоти махсуси олмонии истеҳсоли асал харидорӣ карда шавад, зеро ба воситаи он сифатнокӣ ва таркиби маҳсулот дақиқ мушаххас мегардад».



Вай баён дошт, ки таҷҳизоти номбурда имкон медиҳад, ки асали истеҳсоли Тоҷикистон аз рӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ баҳогузорӣ шуда, мутаносибан бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта шавад. «Айни замон асали истеҳсоли Тоҷикистон танҳо дар минтақаи Осиё Марказӣ бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад», – афзуд М.Мирзоев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.