Олмон ба Тоҷикистон барои пешгирии нашъамандӣ ва бемории СПИД кӯмак мекунад

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо мушовирони тандурустии Раёсати беҳдошт, маориф ва ҳифзи иҷтимоии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон доир гардид. Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо мақсади ба роҳ […]


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо мушовирони тандурустии Раёсати беҳдошт, маориф ва ҳифзи иҷтимоии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон доир гардид.




Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи тарҳи «Ҷавонон, ВИЧ/СПИД, Нашъамандӣ» баргузор шуд. «Меҳмонон сарвари агентиро огоҳ сохтанд, ки барои татбиқи ин тарҳ ҳукумати Олмон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон аллакай 2 миллион евро ҷудо кардааст», – иттилоъ дод сарчашма.



Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, Р.Назаров ба намояндагони ҷамъияти Олмон дар бораи вазъи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар, фаъолияти агентӣ, тамоилҳои асосии нашъамандӣ ва чораҳои андешида барои ҳалли он маълумот дод.



Ёдрас мекунем, ки Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории фаннӣ дар Тоҷикистон созмони иҷроияи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон оид ба рушд буда,дар асоси созишномаҳои дуҷониба амал мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.