Вазири корҳои дохилӣ журналистонро табрик кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро журналистонро бо иди касбиашон табрик кард. Дар паёми табрикотии интишоршудаи вазир дар сомонаи расмии вазорат зикр мегардад, ки матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои Истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро журналистонро бо иди касбиашон табрик кард.

Дар паёми табрикотии интишоршудаи вазир дар сомонаи расмии вазорат зикр мегардад, ки матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои Истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хосса дорад.

«Имрӯз матбуоти тоҷик яке аз пешрафтатарин матбуот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, бо озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар рафъи камбудиҳои ҷомеа ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад», – омадааст дар паём.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.