Раиси Хатлон бозори барқароршудаи Кӯлобро ба истифода дод

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов расо пас аз ду моҳ бозори марказии пас аз сӯхтор барқароршудаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлобро ба истифода дод. Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани бозор раиси вилоят таъкид дошт, ки барои барқарор намудани бозор тавассути кумак аз тамоми Тоҷикистон ҳудуди 3 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид. «Шумо, фурӯшандагони бозор, акнун […]

Турко Дикаев



Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов расо пас аз ду моҳ бозори марказии пас аз сӯхтор барқароршудаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлобро ба истифода дод.

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани бозор раиси вилоят таъкид дошт, ки барои барқарор намудани бозор тавассути кумак аз тамоми Тоҷикистон ҳудуди 3 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид. «Шумо, фурӯшандагони бозор, акнун натанҳо бояд ба ин кӯмак миннатдор бошед, балки ҳадди ақал ин дафъа амволи худро дар ин ҷойи «дорои хатари сӯхтор» суғурта кунед», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир, бар асари сӯхтори моҳ январи соли ҷорӣ дар ин бозор, 120 фурӯшгоҳҳои «Тоҷикматлубот» ва боз 5 фурӯшгоҳу дӯкони соҳибкорони хусусӣ осеб дидаву дар маҷмӯъ 638 нафар аз ҷойҳои корӣ маҳрум шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.