Дар Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд

Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд. Муовини сардори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд Ренат Атабиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо нӯҳ нафар фарзанди шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ки қаблан ба вилояти Суғд […]

Бахтиёр Валиев


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд чанде аз фарзандони шаҳрвандони Афғонистон аз ҳукумат додани мақоми гурезаро дархост карданд. Муовини сардори Сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд Ренат Атабиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо нӯҳ нафар фарзанди шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ки қаблан ба вилояти Суғд омада, дар ин ҷо ба синни балоғат расидаанд. «Онҳо дархост кардаанд, ки ба онҳо чун ба волидайнашон мақоми гуреза дода шавад, то онҳо имкон пайдо кунанд, дар барномаҳои гуногун, аз ҷумла барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯчонидани оилаҳои афғон ба Канада ҳуқуқи иштирок кардан дошта бошанд», – изҳор дошт ӯ.




Ба гуфтаи Р.Атабиев, феълан дар вилояти Суғд 56 оилаи афғон зиндагӣ доранд, ки аз 163 нафар иборатанд ва танҳо ба 29 оила мақоми расмии гуреза дода шуда, 14 оилаи дигар иборат аз 21 нафар шаҳодатномаи гурезаи муваққатиро соҳиб шудаанд.



Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Афғонистон дар бозорҳои Хуҷанд асосан бо тиҷорат машғуланд ва яке аз бозорҳои ғизоӣ миёни мардум бо номи «афғонбозор» маъруф шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.