Қатли як хонавода дар шаҳри Душанбе

Шаби 14 ба 15-уми март дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як хонаводаи бутун – Ашӯр Акобиров, ҳамсар ва фарзанди ӯ ба қатл расонида шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаб содир гардида, ба манзили Ашӯр Акобиров якчанд мардон меоянд ва миёни онҳо бо сабабҳои алҳол номаълум муноқиша бармехезад. […]

ASIA-Plus



Шаби 14 ба 15-уми март дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як хонаводаи бутун – Ашӯр Акобиров, ҳамсар ва фарзанди ӯ ба қатл расонида шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаб содир гардида, ба манзили Ашӯр Акобиров якчанд мардон меоянд ва миёни онҳо бо сабабҳои алҳол номаълум муноқиша бармехезад.

«Дар натиҷаи муноқиша Ашӯров Акобир ва ҳамсари ӯ якчанд маротиба зарбаи марговари корд гирифта, сипас ҷинояткорон хонаро оташ мезананд, ки дар сӯхтор фарзандаи ноболиғи Акобировҳо низ ба ҳалокат расидааст», – итттилоъ доданд аз ВКД.

Ба иттилои манбаъ, айни замон аз рӯи ин далел прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот идома дорад. Дар бораи ному насаби гумонбарони содир намудани ҷиноят, ки аллакай боздошт шудаанд, алҳол маълумот пешниҳод нагардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.