Маърӯзаи раҳбари ҲНИТ дар Донишгоҳи Қазон



Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20- уми март дар Донишгоҳи Федеролии Қазон дар мавзӯъи «Равандҳои сиёсии минтақаи АруОсиё, дурнамои ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши исломи муътадил дар ҳифзи суботи минтақа» суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зимни суханронӣ вазъи минтақаи АвруОсиёро печида арзёбӣ карда, вуҷуди низомҳои худкома, камбуди озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати абарқудратҳоро барои нуфузи бештар, инчунин назорати захираҳои энергетикиву иқтисодии кишварҳои ин маҳдударо омили аслии буҳронҳо донист.

Ба иттилои манбаъ, Кабирӣ таъкид доштааст, ки «таҷрибаи Украина нишон дод, ки пуштибонӣ аз мансабдорони фасодзада ва худкомаи минтақа обру ва ҷойгоҳи Русияро дар чашми миллатҳои минтақа то ҷое коҳиш медиҳад, зеро ҳанӯз ҳам миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Русияро шарики аслии худ дар рушду инкишофи кишварҳои худ ва суботи минтақа медонанд».

Гуфта мешавад, раиси ҲНИТ ҳамчунин бо динишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи исломии Қазон низ мулоқот анҷом дод.

spot_imgspot_img

Популярное