Таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахти Русия

Имрӯз дар Лужники, дар толори давлатии консерти «Россия» бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Маскав ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Дар ин чорабиниҳо тамоми халқияту миллатҳои маскуни Русия, ки ҷашни Наврӯзро иди миллии хеш мешуморанд, ширкат хоҳанд варзид. Ҳар кадоме аз кишварҳо барномаи консертӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии худро ба маърази […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Лужники, дар толори давлатии консерти «Россия» бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Маскав ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо тамоми халқияту миллатҳои маскуни Русия, ки ҷашни Наврӯзро иди миллии хеш мешуморанд, ширкат хоҳанд варзид. Ҳар кадоме аз кишварҳо барномаи консертӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии худро ба маърази тамошо мегузорад. Таҷлили ин ҷашн соли сеюм аст, ки дар пойтахти Русия пуршукӯҳу оммавӣ таҷлил гардида, ба анъана даромадааст.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод қаблан дар ин робита зикр карда буд, ки имсол низ мавқеи Тоҷикистон дар баргузории ин чорабинӣ арзанда буда, сафир Абдулмаҷид Достиев ба тамоми дипломатҳо супориш додааст, ки баҳри шоёну арзанда муаррифӣ сохтани барномаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ аз имконоти намояндагони тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар Русия, фаъолони диаспораҳои тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик самарабахш истифода шавад.

Аммо ҳоло маълум нест, ки кадоме аз ҳунармандони Тоҷикистон ба ин чорабинӣ даъват шудаанд, то ки кишвари моро дар консерт муаррифӣ намоянд. Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар толори Rock House-и шаҳри Маскав, ки ғунҷоишаш 700 нафар мебошад,

консерти

овозхонаи маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.