Маърӯзаи раҳбари ҲНИТ дар Донишгоҳи Қазон

Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20- уми март дар Донишгоҳи Федеролии Қазон дар мавзӯъи «Равандҳои сиёсии минтақаи АруОсиё, дурнамои ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши исломи муътадил дар ҳифзи суботи минтақа» суханронӣ намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зимни суханронӣ вазъи минтақаи АвруОсиёро печида арзёбӣ карда, вуҷуди низомҳои худкома, […]



Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20- уми март дар Донишгоҳи Федеролии Қазон дар мавзӯъи «Равандҳои сиёсии минтақаи АруОсиё, дурнамои ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши исломи муътадил дар ҳифзи суботи минтақа» суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Кабирӣ зимни суханронӣ вазъи минтақаи АвруОсиёро печида арзёбӣ карда, вуҷуди низомҳои худкома, камбуди озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати абарқудратҳоро барои нуфузи бештар, инчунин назорати захираҳои энергетикиву иқтисодии кишварҳои ин маҳдударо омили аслии буҳронҳо донист.

Ба иттилои манбаъ, Кабирӣ таъкид доштааст, ки «таҷрибаи Украина нишон дод, ки пуштибонӣ аз мансабдорони фасодзада ва худкомаи минтақа обру ва ҷойгоҳи Русияро дар чашми миллатҳои минтақа то ҷое коҳиш медиҳад, зеро ҳанӯз ҳам миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Русияро шарики аслии худ дар рушду инкишофи кишварҳои худ ва суботи минтақа медонанд».

Гуфта мешавад, раиси ҲНИТ ҳамчунин бо динишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи исломии Қазон низ мулоқот анҷом дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.