Мусодираи беш аз 10 кило маводи мухаддир дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз

Дар рӯзи аввали таҷлили ҷашни Наврӯз кормандони милиса беш аз 10 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон – Адҳам Одинаеви 30-сола ва Абдулло Қарахонови 25 сола боздошт ва аз онҳо зиёда […]

ASIA-Plus



Дар рӯзи аввали таҷлили ҷашни Наврӯз кормандони милиса беш аз 10 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон – Адҳам Одинаеви 30-сола ва Абдулло Қарахонови 25 сола боздошт ва аз онҳо зиёда аз 9 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз бо далели даст задан ба ин ҷиноят сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Сайҷаъфар Сониеви 30-сола бо 318  грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва сокини шаҳри Турсунзода Нурулло Комилови 51-сола бо 870 грамм маводи нашъадори навъи афюн дастгир карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.