Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Президенти ФИФА Йозеф Блаттер зимни иштирок дар ҷашнвораи футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшида, соати 11-00 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз натоиҷи сафари худ ба Тоҷикистон барои журналистон конфронси матбуотӣ барпо мекунад; – Ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин чорабинии […]

ASIA-Plus



Анонс

– Президенти ФИФА Йозеф Блаттер зимни иштирок дар ҷашнвораи футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшида, соати 11-00 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз натоиҷи сафари худ ба Тоҷикистон барои журналистон конфронси матбуотӣ барпо мекунад;

– Ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин чорабинии идона баргузор мекунад, ки дар он ҳамватанон, доираҳои дипломатӣ ва ҳукуматӣ ва ҳамчунин намояндагони илму фарҳанг, донишҷӯёни тоҷик ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8004

сомонӣ;


1

евро

– 6.6085

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1335

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1941

— Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷоизаҳои ба номи Сталин (баъдан ба Ҷоизаҳои давлатӣ табдил ёфтанд) таъсис дода шуданд.


1995

— Дар ҳафт кишвари Иттиҳоди Аврупо Созишномаҳои Шенген дар бораи бекор шудани назорати раводид дар марзҳо ҷорӣ шуд.


2000

— Владимир Владимирович Путин президенти Русия интихоб шуд.


2009

— Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари нахустини расмӣ ба Муғулистон рафт. Зимни ин сафар миёни кишварҳо панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


1865

— Зодрӯзи шоир Нақибхон Туғрал.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.      

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот.     

Ҳарорат: шабона 0+2 рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот.      

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.