Эмомалӣ Раҳмон президенти ФИФА-ро ба ҳузур пазируфт

Шоми рӯзи 25-уми март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 25-уми март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.

Тавре зикр гардид, тамошои бозии футболи дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барои Шоҳҷоми Тоҷикистон ва супурдани Ҷоми олӣ ба дастаи ғолиб низ аз бандҳои барномаи боздиди ӯ аз шаҳри Душанбе аст”. Йозеф Блаттер, ҳамчунин дар расми ифтитоҳи майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади ФИФА бунёд шудааст, ширкат меварзад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайвастаи ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон арзи хушӣ кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз президенти ФИФА дар ҷашнвораи кӯдкона ширкат варзида, ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Ин чорабинӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Дар анҷоми ҷашнвора президенти ФИФА дар вазъи тантанавӣ майдони сунъӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ хоҳад кард, ки тибқи барномаи «Гол-2»-и ФИФА сохта шуда, моҳи майи соли гузашта ба истифода дода шуда буд. Сипас роҳбари футболи ҷаҳонӣ ба сохтмони боз як майдони сунъии футбол дар Душанбе бо маблағгузории ФИФА дар паҳлӯи майдони бозии теннис низ ҳусни оғоз мебахшад.

Имрӯз ҳамчунин соати 11-00 Йозеф Блаттер дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе нишасти матбуотӣ барпо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.