Дар Тоҷикистон теъдоди занони соҳибкор ба 160 ҳазор мерасад


Теъдоди занони соҳибкор дар Тоҷикистон ба 160 ҳазор мерасад, ки ин шумора нисбат ба соли сипаришуда 9% бештар аст. Дар ин бора имрӯз муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ зимни баромад дар Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон эълон дошт.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади дастгири фаъолияти соҳибкории занон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 инҷониб бо қарордодҳои ҳукумати мамлакат ҳар сол 40 гранти президентӣ ҷудо карда мешавад.

«Давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ба 96 ташкилоти ҷаъмиятӣ, ки дар онҳо занҳо роҳбар ҳастан 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ба ҷуз ин, 2 ҳазору 200 нафар зан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд. Тақрибан 3,5 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 1 ҳазор нафар ба ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуданд», – гуфт Марҳабо Ҷоббирӣ.

Ӯ афзуд, ки ҷиҳати дастгири бонувони соҳибкор дар давоми 5 соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор тақрибан 2,5 миллиард қарз дода шуааст.

Дар Бизнес-симпозиум инчунин директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва намояндагони парлумонҳои панҷ давлат -ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Казоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи симпозиум ҳамчунин намоиши ҳунарҳои дастӣ баргузор гашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное