Дар Тоҷикистон теъдоди занони соҳибкор ба 160 ҳазор мерасад

Теъдоди занони соҳибкор дар Тоҷикистон ба 160 ҳазор мерасад, ки ин шумора нисбат ба соли сипаришуда 9% бештар аст. Дар ин бора имрӯз муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ зимни баромад дар Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон эълон дошт. Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади дастгири фаъолияти соҳибкории занон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо […]


Теъдоди занони соҳибкор дар Тоҷикистон ба 160 ҳазор мерасад, ки ин шумора нисбат ба соли сипаришуда 9% бештар аст. Дар ин бора имрӯз муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ зимни баромад дар Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон эълон дошт.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади дастгири фаъолияти соҳибкории занон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз соли 2006 инҷониб бо қарордодҳои ҳукумати мамлакат ҳар сол 40 гранти президентӣ ҷудо карда мешавад.

«Давоми ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ба 96 ташкилоти ҷаъмиятӣ, ки дар онҳо занҳо роҳбар ҳастан 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ба ҷуз ин, 2 ҳазору 200 нафар зан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд. Тақрибан 3,5 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 1 ҳазор нафар ба ҷойи кори муваққатӣ таъмин карда шуданд», – гуфт Марҳабо Ҷоббирӣ.

Ӯ афзуд, ки ҷиҳати дастгири бонувони соҳибкор дар давоми 5 соли охир аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба занони соҳибкор тақрибан 2,5 миллиард қарз дода шуааст.

Дар Бизнес-симпозиум инчунин директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва намояндагони парлумонҳои панҷ давлат -ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Казоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи симпозиум ҳамчунин намоиши ҳунарҳои дастӣ баргузор гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.