Раҳмон сарони кишварҳои Афғонистону Эрон ва Покистонро ба Душанбе даъват кард

Дар доираи сафари расмӣ ба Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се чорабинии расмӣ иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳарсе давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд. Дар ҳамоиши сеҷониба масоили вобаста ба […]

asia+, asia+



Дар доираи сафари расмӣ ба Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се чорабинии расмӣ иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳарсе давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд.

Дар ҳамоиши сеҷониба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки “ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва таҳти васояти сарони се кишвари дӯст фаъолияти босамар ва густурда намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин даъват намуд, ки “ҳамоиши ояндаи сегона тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва ҳамзамон намоишгоҳҳои дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиён ба роҳ монда шавад”.

Сипас мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуд. Ин мулоқот бо иштироки сарони ҳарчор давлати мазкур – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн ҷараён гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳор дошт, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон “сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ, роҳҳои оҳану мошингард”-ро барои чор кишвар “дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ” номида, таъкид дошт: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то ки нақши кишварҳои чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад”.

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки “Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона таъсис дода шавад”.

Дар фарҷоми сухан аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват карда шуд, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд.

Пас аз гуфтушунидҳо Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз ширкат ва суханронӣ кард. Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.