Сокини Душанбе назди Қасри президент худро оташ зад

Сокини Душанбе – Шавкат Раҳмонови 74-сола дар назди бинои Дастгоҳи иҷроияи президент худро оташ зад. Айни замон ӯ дар беморхона бистарӣ аст. Бино ба иттилои ВКД ҶТ,  ин ҳодиса соати 10 дар паҳлӯи магазини «Спорттовары» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ рух додааст. Сабаби худро оташзании ин сокини Душанбе муноқишаи оилавӣ унвон мешавад. Бо қарори суди шаҳри […]



Сокини Душанбе – Шавкат Раҳмонови 74-сола дар назди бинои Дастгоҳи иҷроияи президент худро оташ зад. Айни замон ӯ дар беморхона бистарӣ аст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ,  ин ҳодиса соати 10 дар паҳлӯи магазини «Спорттовары» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ рух додааст. Сабаби худро оташзании ин сокини Душанбе муноқишаи оилавӣ унвон мешавад.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе манзили воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ баробар миёни Шавкат Раҳмонов ва духтари ӯ Нӯшофарин Раҳмоноваи 43-сола тақсим шудааст.

«Ба гуфтаи Нӯшофарин, ду соли ахир падараш гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ қасди худкушӣ кардааст», – хабар медиҳад ВКД.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.