Вохӯрии пешвоёни ғайрирасмии Ворух ва Оқсой дар Исфара

Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии пешвоёни ғайрасмии ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи наздимарзии Оқсойи Қирғизистон доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ин мулоқот бо ташаббуси мақомоти давлатии ноҳияҳои ҳарду кишвар барпо гардида, дар он аз ҳарду ҷониб 15 нафарӣ пешвоёни ғайрирасмӣ ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии пешвоёни ғайрасмии ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи наздимарзии Оқсойи Қирғизистон доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ин мулоқот бо ташаббуси мақомоти давлатии ноҳияҳои ҳарду кишвар барпо гардида, дар он аз ҳарду ҷониб 15 нафарӣ пешвоёни ғайрирасмӣ ҳузур доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар вохӯрӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд ва вилояти Ботканд, имомхатибони масҷидҳои намози ҷумъаи шаҳрҳои Исфара ва Ботканд ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштирок кардаанд.

«Зимни суханронӣ назди ҳозирин Ш.Хайруллоев зикр кард, ки ҳама гуна мушкилоту масоиле, ки дар қитъаҳои баҳсноки марз ба вуҷуд меоянд, ҳатман дар сатҳи ҳукуматҳо ҳаллу фасл шуда, аҳолӣ ва пешвоёни ғайрирасмӣ бояд ба ҳамзистии осоиштаи мардуми бо ҳам дӯсти тоҷику қирғиз мусоидат кунанд», – иброз дошт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.