Оғози кишти пунбадона дар минтақаҳои ҷануби кишвар

Пахтакорони минтақаҳои ҷануби кишвар ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз аз майдони 132 ҳазору 200 гектари тибқи нақша пешбинишуда дар 6 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. «Имсол ҳаҷми майдони барои кишти пахта пешбинишуда дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, пунбадона дар 199 ҳазору 451 гектар кишт мешавад», […]

Заррина Эргашева



Пахтакорони минтақаҳои ҷануби кишвар ба кишти пунбадона оғоз намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз аз майдони 132 ҳазору 200 гектари тибқи нақша пешбинишуда дар 6 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.

«Имсол ҳаҷми майдони барои кишти пахта пешбинишуда дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, пунбадона дар 199 ҳазору 451 гектар кишт мешавад», – гуфтанд дар вазорат.

Соли 2013 пахтакорони Тоҷикистон 392 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданд, ки 96,4%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Ҳамчунин соли гузашта ҳаҷми майдони кишти пунбадона ба андозаи 4% коҳиш ёфта, пунбадона дар 191 ҳазору 333 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 8 ҳазору 133 гектар камтар буд. Кишти пахта аз ҳама бештар (15%) дар навоҳиии тобеи марказ коҳиш ёфт.

Дар Вазорати кишоварзӣ шарҳ доданд, ки кам кардани майдони кишти пунбадона ба поинравии нархҳо ба нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дастрасии нокофии бахши кишоварзӣ ба қарзҳои имтиёзнок дар кишвар, болоравии арзиши сӯзишворӣ дар мавсими киштукор, гаронии қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ва камбуди об дар мавсими обёрӣ марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.