Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётии бузурге рух дод

Панҷакент. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садами нақлиётии бузурге рух дод, ки нафарони зиёде аз он ҷабр диданд. Аз идораи сохтмону истифодаи роҳҳои (ДЭУ) рақами 6-и ноҳияи Айнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 144-уми роҳ дар натиҷаи садама се мошини навъи хориҷӣ – «КИА», «Хондай» ва […]

Азим Мамадҷонов


Панҷакент. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садами нақлиётии бузурге рух дод, ки нафарони зиёде аз он ҷабр диданд.




Аз идораи сохтмону истифодаи роҳҳои (ДЭУ) рақами 6-и ноҳияи Айнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 144-уми роҳ дар натиҷаи садама се мошини навъи хориҷӣ – «КИА», «Хондай» ва «Опел Астра» бо 21 нафар мусофирон ба ҷарӣ сарозер шуданд.



Ба иттилои манбаъ, айни замон шаш нафари ҷабрдидагон ба беморхона бурда шуда, аз тақдири 15 нафари боқимонда алҳол чизе маълум нест. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои ҳодиса идома доранд.



Тибқи маълумоти пешакӣ, садама дар натиҷаи беэҳтиётиву саҳлангории яке аз ронандагон ба вуқӯъ пайвастааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова