Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи ҶСК «Бонки Эсхата» ба беш аз $1 млн. расид

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71 фоиз афзуда, 4 миллион сомониро (беш аз $1 миллион) ташкил дод. Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин давра дороиҳои бонк тақрибан 117 […]

Виктория Наумова


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71 фоиз афзуда, 4 миллион сомониро (беш аз $1 миллион) ташкил дод.




Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин давра дороиҳои бонк тақрибан 117 фоиз афзуда, аз 236 миллион сомонӣ зиёдтар шуданд. Сармояи бонк то 47 миллион сомонӣ расидааст. Ин рақам соли гузашта ба 24 млн. сомонӣ баробар буд.



Тибқи маълумоти сарчашма, сандуқи қарзии бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 фоиз бештар гардида, 138 миллион сомониро ташкил медиҳанд.



«Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк ҷалби

 

маблағҳои аҳолӣ мебошад, – идома дод манбаъ. – Агар дар ҳамин давраи соли гузашта сандуқи депозитии бонк ба 30 миллион сомонӣ баробар буд, пас соли равон он ба 50 миллион сомонӣ расидааст».



Зикр гардид, ки айни замон бонк бо тамоми низомҳои байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 нуқтаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ фаъолият доранд, ки тавассути кори пурсамари онҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба 180 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти бонк бозгӯи таҳкими устувории молиявӣ ва афзоиши ҷалби сармоягузорӣ мебошад.



Дар қаламрави ҷумҳурӣ бонк дорои 8 шӯъба ва 100 нуқтаи интиқоли маблағҳои пулӣ аст. «Рӯзҳои наздик мувофиқи қарори раёсати Бонки миллӣ боз 5 шӯъбаҳои баҳисобгириву қарзии бонк ба шӯъбаҳои комил табдид дода мешаванд», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова