Раиси ҲНИТ бо даъвати доираҳои коршиносони сиёсӣ ба Судон рафт

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳафтаи ахир дар Туркия қарор дошт, бо даъвти доираҳои сиёсии Судон ба ин кишвар сафар намуд. Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамин моҳ М.Кабирӣ ба Малайзия низ сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳафтаи ахир дар Туркия қарор дошт, бо даъвти доираҳои сиёсии Судон ба ин кишвар сафар намуд.




Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамин моҳ М.Кабирӣ ба Малайзия низ сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раиси ҳизбро доираҳои сиёсиву илмии кишварҳои номбурда даъват мекунанд. «Зимни боздидҳо раиси ҳизб бо намояндагони доираҳои сиёсии ин кишварҳо мулоқот ороста, бо маърӯзаҳо баромад мекунад ва бо донишҷӯёни тоҷики муқими он ҷо вохӯрӣ доир месозад», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.



«Охири моҳи август сафари раиси ҳизб ба як қатор шаҳрҳои Русия ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба нақша гирифта шуда буд, вале ин сафарҳо онро ба таъхир меандозанд ва акнун лозим меояд, ки моҳи сентябр ин корро анҷом дод», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова