Дар Душанбе масъалаи таҷдиди нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» баррасӣ мешавад

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввали моҳи август ҳайати энергетикҳои Ҳиндустон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тҷдиду бозсозии нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» ба шаҳри Душанбе. меоянд. Зикр гардид, ки зимни сафар масъалаи татбиқи ёддошти тафоҳум оид ба бозсозии нерӯгоҳ, ки соли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввали моҳи август ҳайати энергетикҳои Ҳиндустон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тҷдиду бозсозии нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» ба шаҳри Душанбе. меоянд.




Зикр гардид, ки зимни сафар масъалаи татбиқи ёддошти тафоҳум оид ба бозсозии нерӯгоҳ, ки соли гузашта миёни вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ва вазорати энергетикаву саноати Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Барои амалисозии он ҳукумати Ҳиндустон 13 миллион доллари амрикоӣ бурс ҷудо кард.



«Ҳангоми боздиди ҳайати Ҳиндустон ҳамчунин масъалаи интиқоли гидротурбинаҳои сохташуда дар корхонаҳои Ҳиндустон ва таҳияи реҷаи кории иваз намудани онҳо ҳал хоҳад гардид», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки мувофиқи маълумоти коршиносон, бо таҷдиди нерӯгоҳ имкон пайдо хоҳад шуд, ки иқтидори истеҳсолии он аз 2,3 МВт то 4,4 МВт зиёдтар карда шавад. Нерӯгоҳи «Варзоб» соли 1936 мавриди истифода қарор гирифта, нерӯгоҳи аввалин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова