RWB аз додгоҳи Тоҷикистон хост, қарор алайҳи Олга Тутубалина бекор шавад

Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи кассатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки қарораш алайҳи муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс»  Олга Тутубалина ва «Азия Плюс» бекор кунад. RWB бар он бовар аст, ки қарори додгоҳ оид ба пардохтани 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи даъвогарон – аҳли зиё аслан беасосу Гайримантиқист. Қарори додгоҳро Созмон латмае ба мустақилияти […]

Азия-Плюс


Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи кассатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки қарораш алайҳи муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс»  Олга Тутубалина ва «Азия Плюс» бекор кунад.

RWB бар он бовар аст, ки қарори додгоҳ оид ба пардохтани 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи даъвогарон – аҳли зиё аслан беасосу Гайримантиқист. Қарори додгоҳро Созмон латмае ба мустақилияти рӯзноманигорони тоҷик хондааст.

«Чун Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баёнро кафолат додааст, Олга Тутубалина ҳам аз ин ҳукқуқи хеш истифода бурдааст», – зикр гардидааст дар матни RWB.


Ёдовар мешавем, тобистони соли сипаришуда аҳли зиёи мамлакат нисбат ба ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ шикоят бурда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки барои расонидани зарари маънавӣ аз ҷавобгар 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ руёнида шавад. Ҳамзамон тамоми амволи манқул ва ғайриманқули ӯ ба ҳабс гирифта шавад. Дертар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қарор омад, ки ҳафтанома ва Олга Тутубалина барои расонидани ҷуброни маънавӣ ба даъвогарон 30 ҳазор сомонӣ пардозанд.

Олга Тутубалина дар матлаби худ таҳти унвони «Нозиёиёна дар бораи зиёиён» бо истифода аз суханони Ленин гуфтааст, ки «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.