Оғози маъракаи эмкунӣ аз полиомиелит дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ барои пешгирии гирифторӣ ба бемории полиомиелит (фалаҷи шадид) оғоз гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Тоҷикистон Зафарҷон Азизов хабар дод, марҳилаи аввали эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ аз 14 то 18-уми апрел доир гардида, ба он кӯдакони синни то 5-сола фаро гирифта мешаванд. «Марҳилаи дуюм аз 19 […]

Валентина Кондрашова



Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ барои пешгирии гирифторӣ ба бемории полиомиелит (фалаҷи шадид) оғоз гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Тоҷикистон Зафарҷон Азизов хабар дод, марҳилаи аввали эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ аз 14 то 18-уми апрел доир гардида, ба он кӯдакони синни то 5-сола фаро гирифта мешаванд. «Марҳилаи дуюм аз 19 то 23-юми май баргузор мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар ВМКБ ин маърака каме пештар – марҳилаи 1-ум аз 24 то 28-уми феврал ва марҳилаи дуюм аз 1 то 5-уми март гузаронида шудааст. «Акнун дар доираи ду марҳила дар саросари ҷумҳурӣ ба ҷуз ВМКБ, эмкунии 1 млн. 102 ҳазору 901 нафар кӯдакон дар назар аст», – иброз дошт. З.Азизов.

Ба гуфтаи Азизов, маъракаи мазкур ба хотири пешгирии гирифторӣ ба ин беморӣ ва бо тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир мегардад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз буда, дар ин кишвар сарчашмаҳои табиии ангезандаи ин беморӣ боқӣ мондаанд. «Вактсина бо дастгирии Бонки рушди Олмон дастрас ва тариқи ройгон ба Тоҷикистон дода шуд», – афзуд номбурда.

Бемории полиомиелит ва ё фалаҷи атфол яке аз бемориҳои гузаранда аст, ки асосан ба кӯдакони синни то панҷсола сироят мекунад. Он бемориест, ки ба системаи асаб ҳамлавар шуда баъд аз чанд соат метавонад ба фалаҷ гирифтор кунад. Ин вирус аз тариқи даҳон вориди бадан шуда, дар рудаи инсон афзоиш меёбад. Аввалин нишонаҳои ин беморӣ, табларза, хастагӣ, дарди сар, қайкунӣ, шахшавии гардан ва пайдо шудани дард дар тамоми бадан мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.