Ҷамъбасти озмуни «Ҷило-2014» дар Душанбе

Рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Душанбе натоиҷи  озмуни байнулмилалии «Ҷило-2014» ҷамъбаст шуданд. Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳангу ҳунари мардуми форсизабон меҳмонон аз Афғонистону Эрон, модел ва актриса аз Аморати Муттахидаи Араб Ясмина Алидодова, овозхонон аз Афғонистон Фарҳоди Дарё, Сиддиқ Шабоб ва Амирҷон Сабурӣ иштирок карданд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Душанбе натоиҷи  озмуни байнулмилалии «Ҷило-2014» ҷамъбаст шуданд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳангу ҳунари мардуми форсизабон меҳмонон аз Афғонистону Эрон, модел ва актриса аз Аморати Муттахидаи Араб Ясмина Алидодова, овозхонон аз Афғонистон Фарҳоди Дарё, Сиддиқ Шабоб ва Амирҷон Сабурӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, дар бахши «ТВ ва радио» ҷоизаҳои «Барномаи беҳтарини радиоӣ», барномаи субҳгоҳии «Саламалейкум Диёрам»-и радиои “Азия плюс”, беҳтарин радиожурналист Шарифи Мирсаидзод, хабарнигори радиои Садои Душанбе, «Беҳтарин баромаи телевизионӣ» барномаи «Сиришти сафина»-и шабакаи “Сафина” ва беҳтарин тележурналистро Зафар Саидов ва Аҳлиддини Тоҳир — хабарнигорони телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро ба даст овардаанд.

Дар бахши театр намоишномаи «Шабе дур аз ватан» аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, беҳтарин ҳунарманди мард Шӯҳрат Раҳматуллоев ва ҳунарпешаи зан Моҳпайкар Ёрова беҳтаринҳо дониста шуданд.

Яке аз дигар бахшҳои ин озмуни «Ҷило» дар самти «Мусиқии замонавӣ ва машҳур» буд, ки овозхони беҳтарини мард Нобовар Чаноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд. Ҷоизаи клипи беҳтарини солро «Гулнор»-и Садриддини Наҷмиддин ва «Муҳаббати ту»-и Нигина Амонқулова ба даст оварданд.

Аммо ҷоизаи вижаи озмуни “Ҷило” «Ҷоизаи оҳанги шарқ» буд, ки насиби Сиддиқ Шабоб, сарояндаи афғон ва Нигора Холова бо оҳанги «Чашми сиёҳ» шуд. Ҷоизаи «Шахсияти маъруфи сол»-ро ҳайати ҳакамон ба Давлатманди Хол, сарояндаи маъруфи тоҷик муносиб донистанд.

Дигар ҷоизаи вижаи озмуни имсола – «Ситори бузурги мусиқии форсӣ» ба Фарҳоди Дарё ва Ясмина Алидодова дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.