Анҷоми фаъолияти кории роҳбари Намояндагии Раёсати СММ дар Тоҷикистон

Имрӯз, 14уми апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Хосэ Эуседаро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корӣ ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолият ва ҳамкории ояндаи Намояндагии Комиссари […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 14уми апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Хосэ Эуседаро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корӣ ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолият ва ҳамкории ояндаи Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти ҷаноби Эуседа ва саҳми ӯ дар таъмини ҳимоя ва кӯмак расондан ба паноҳандагон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба фаъолияти минбаъдааш муваффақият орзу кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.