Пирӯзии «Азия-Плюс» дар номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ»-и озмуни пойтахт

Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2013» натиҷагирӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оҷонсии хабарии Азия плюс» дар номинатсияи «Технологияҳои ииттилоотӣ ғолиб дониста шуд. Ба иттилои манбаъ, дар номинатсияҳои «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» – ҶСП Комбинати шири Душанбе»; «Меъморӣ ва дизайн» – […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2013» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оҷонсии хабарии Азия плюс» дар номинатсияи «Технологияҳои ииттилоотӣ ғолиб дониста шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар номинатсияҳои «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» – ҶСП Комбинати шири Душанбе»; «Меъморӣ ва дизайн» – ҶДММ «Проект Инвест»; «Савдо» – ҶДММ «Газпромнефть – Таджикистан»; «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм» – ҶДММ «Тоҷик – интурсервис»; «Хизматрасонии тиббӣ» – ҶДММ «Жасмин»; «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» – ҶДММ «ИИ Насоҷии Тоҷик»; «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» – ҶДММ «Тиб барои Шумо;  «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология» – ҶДММ «Фавз»; «Сохтмон, тармим ва таъмир» – ҶДММ «Саманд 2010»; «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ» – ҶДММ «Рухом»; «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук» – ҶДММ «Сомон-таъминот»; «Хӯроки умум» – ҶС «Роҳат»; «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» – ҶСП «ТТ Мобайл»; «Хизмати маишӣ» – ҶСК «Континент Инвест»; «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» – нашриёти «Шарқи озод»; «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» – ҶДММ «Собирова З.Г.» ва «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ» – ҶДММ «Грант Торнтон эхсо» ба ғолибият сазовор дониста шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳамаи ғолибони озмун диплом, нишонаҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.